24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии Гулистонро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати умумии 2264 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст.
Дар иншооти навбунёди таълимӣ 300 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 10 мураббия ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 29 касро ташкил медиҳад.
Бино дорои 16 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 8 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар синфхонаҳо бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бинои кӯдакистон бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳои он бо оби гарм таъмин мебошанд.
Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад.
Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкорони меҳандӯсти ноҳия изҳори қаноатмандӣ карданд.
Саҳни бинои Муассисаи томактабии Гулистон бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст ва барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии кӯдакон муассир мебошад.
Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон ва масъулон, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба хонандагон, тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки аҷдодӣ дар қалби онҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

