САФАРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО МАҚСАДИ ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ БА НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Носири Хусрав рафтанд.

Раиси вилоят аснои боздид бо кишоварзону масъулони соҳа суҳбат намуда, оид ба самаронку оқилона истифода намудани заминҳои дарихтиёрдошта дастуру тавсияҳои судманд доданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба кишти пунбадона оғоз бахшида, хоҷагидорону деҳқононро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои илман асосноки парвариш, заҳмати шабонарӯзӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат заминагузори асосии фаровонҳосилӣ мебошад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо хоҷагидорон ба фаъолияти назарраси онҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода намудани замин, ки кафили таъмини амнияти озуқаворӣ буда, дар шароити кунунӣ саривақтист, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон ва дучандшавии талаботи аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ беҳсозии имкониятҳоро барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати расидан ба яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles