ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗӢ БАРОИ КӮДАКОН ДАР МАҲАЛЛАИ САДРИДДИН АЙНИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз, 14 декабр, дар маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар майдончаи бозии кӯдакон мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори шаҳр бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.

Майдончаи хурди кӯдакона бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истироҳат ва бозии кӯдакон ҷойҳои махсус ба инобат гирифта шудааст.

Ин майдонча бо саҳми шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар дар заминаи ҳидоятҳои инсонпарваронаи Пешвои муаззами кишвар ва раиси вилояти Хатлон баҳри таъмини фароғати сокинон ва истироҳати кӯдакону наврасон бунёд гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо дастуру супориши раиси вилояти Хатлон беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон бояд аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бунёд гардад. Ҳоло сохтмони дигар майдончаҳо дар шаҳр бомаром идома доранд.

Раиси вилоят бо сокинон ҳамсуҳбат шуда, афзуд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles