КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №41

26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Бо ба истифода додани бинои иловагии муассисаи мазкур хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 аз ҷониби падару модарон ба маблағи умумии 990 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда, дорои 4 синфхона мебошад.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб таҳия гардидааст.

Дар муассисаи мазкур 400 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 24 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба кору фаъолият мекунанд.

Ҳамзамон, дар ин ҷо барои Сарвазири мамлакат барномаи “Е хониш” муррифӣ гардида, дар бораи фаъолияти таҷрибавӣ маълумот дода шуд.

Сарвазири мамлакат омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик намуданд.

Таъкид намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудааст, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлонм

Related Articles