26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Танобчии болои ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик бинои нави муассисаи томактабиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии насли ояндасозии миллат, бартараф сохтани мушкилоти соҳаи маориф, норасоиҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгӯзорӣ бунёд гардидааст.
Муассисаи томактабӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ қитъаи замин аз тарафи соҳибкор Хусрави Фарухзод сохта шудааст.
Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум 2 утоқ барои ҷойи хоб, утоқҳо барои директор, табиб ва сармуҳосиб ва дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ, толори мусиқӣ ва 2 утоқи ҷойи хоб барои кӯдакон бо фарогирии 100 кӯдак ҷойгир мебошад.
Баъди ба истифода додани иншоот 15 нафар бо ҷой кори доимӣ ҷалб карда мешавад. Тамоми утоқҳои бино бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда, бо рахтҳои хоб, мизу ҷевонҳо, бозичаҳо барои бозии кӯдакон ва ошхона бо тамоми лавозимот таъмин карда шудааст.
Айни замон дар ҳудуди боғча дарахтони сояафкану ҳамешасабз, мевадиҳанда ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, роҳравҳои бинои мазкур бо санъати баланди меъморӣ 250 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 25 адад сутунпояҳои чароғондиҳанда дар гирду аторфи бино насб карда шудааст.
Ҳамчунин, дар саҳни кӯдакистон ҷои бозӣ барои кӯдакон дар масоҳати 100 метри мураббаъ бунёд карда шуда, арғунчак ва дигар намуди бозичаҳо насб гардидааст, ки макони асосии истироҳату фароғати кӯдакон мебошад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар боғча барои дар деҳот муҳайё намудани чунин имконот ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии наврасон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад.
Сарвазири мамлакат аз масъулон даъват намуданд, ки таълиму тарбияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад ва барои дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар кишвар Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 –2027 тасдиқ гардидааст. Дар асоси ин барнома бунёди 264 муассисаи томактабии хусусӣ дар кишвар пешбинӣ шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон