26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик иншооти ҷашнӣ буда, дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати 799 метри мураббаъ қитъаи замин доман паҳн кардааст. Дар рафти сохтмон беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар асоси талаботи имрӯза бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити фаъолият муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи «Намояндаи инжиниринг консултантс ЕНД ассосиатиес лимитед дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Мир Соз» ба анҷом расонида шудааст.
Барои дар ҳама фасли сол бо барқ таъмин намудани иншоот як трансформатори иқтидораш 100 кВт насб карда шудааст.
Ҳамчунин дар гирду атрофи бино гулу буттаҳо ва зиёда аз 15 адад дарахтони хамешасабзу ороишӣ шинонида шуда, роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш гардида, дар назди иншоот 6 адад сутунпояҳо чароғон гардидаанд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав Сарвазири мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта дар бино баҳо баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.
Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Темурмалик барои кормандон шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон