Имрӯз, 1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 48 синфхонаи иловагиро ифтитоҳ намуданд.
Тибқи лоиҳа иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои 4 адад синфхона, китобхона ва идораи директор иборат мебошад.
Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расиданд.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Ҳамчунин, маорифчиён низ аз чунин туҳфаи зебо дар арафаи оғози соли нави таҳсил изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбат афзуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят низ 867 ҳазору 185 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 23 ҳазору 150 нафар хонанда зиёд аст.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ барои 17402 ҷойи нишаст ва 8 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 адад иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 адад синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуда, ба хонандагон шароити мусоиди таълим таъмин карда шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон