Бо мақсади расонидани муҳтавои дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳнамоии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо сокинон ва кормандони касбу кори гуногун дар ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ муовини раиси вилоят роҷеъ ба таълиму тарбияи фарзандон, соҳибкасб кардани онҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тарбияи фарзандро дар баробари ниҳодҳои масъул вазифаи муқаддаси волидайн маънидод кард.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҳсил барои фарзандон ҳатмӣ буда, барои пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ҳамагӣ бояд корбарӣ намоем.
Вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ, риояи фарҳанги либоспушӣ ва истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯёнидани ҳосили фаровон аз саҳро ва оқилона истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷараён бахшидани корҳои ободониву тозакорӣ ва сабзкорӣ сухан рафта, таъкид гардид, ки ба хароҷоти бемаврид, тақлидкорӣ роҳ надода, барои захираи маҳсулоти ғизоии дусола, ки айни замон мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ аст, омодагии ҷиддӣ гирем.
Суҳбати ошкоро ва самимии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сокинони ноҳия атрофи масъалаҳои мубрам ҷараён гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд.