ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

Ҳамдиёрони арҷманд!

Ваҳдати миллӣ арзиши муқаддасу таърихӣ, неъмати бебаҳо ва падидаи қисматсозу ифтихорофарин маҳсуб ёфта, маҳсули азму талош, иродатмандии қавӣ ва суннати азалии сулҳофарии халқи куҳанбунёди мо мебошад, ки аз баракати ин дастоварди беназир мардум аз хавфи парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоламон аз таҳдиди воқеии аз байн рафтан наҷот ёфт.

Ваҳдати миллиро ба Шумо – сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона табрику шодбош гуфта, бароятон сулҳу оромии пойдор, толеи наку ва осоиши рӯзгор таманно дорам.

Таъмини сулҳу субот ва пойдории тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи мо натиҷаи ҷонфидоию заҳматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ба андешаи Пешвои миллат: “Ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст”.

Воқеан, дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва дар як муддати кӯтоҳ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Давлат дар ҳоли парокандагӣ ва миллат дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз шахсияти таърихӣ ва парчамбардори рисолати бузурги ватансозӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбариро ба душ гирифта, ба низоми давлатдории муосир асос гузоштанд. Ба ҳар як ташаббусе, ки иқдом гирифтанд, дар сатҳи ҷаҳон пазируфта шуданд. Ҳадафҳои олии ватансозиашон тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор карда, мардуми мамлакатро ба шоҳроҳи рушду шукуфоӣ ҳидоят намуданд.

Баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба ватан, тарҳрезии падидаҳои сиёсию ташаккули низоми ҳуқуқӣ, ташкили артиши муқтадири миллӣ, мақомоти муосири ҳифзи ҳуқуқ, таъмини сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар, устувории сарҳаду амнияти давлат, бунёди роҳҳои пайвандгари минтақаҳои кишвар, дастгирии илму фарҳанги миллӣ, қабули ҳадафҳои стратегӣ ва қонунҳои миллии марбут ба манофеи давлатӣ аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсист, ки аз рӯзҳои аввали имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар марҳилаҳои гуногун амалӣ гардиданд, ки дар саргаҳи ташаббус ва таъмину иҷрои он Пешвои ваҳдатовари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доранд.

Таърихи давлатдории миллӣ ва даврони соҳибистиқлолии кишвар хидматҳои бузургу бемисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони раҳнамо ва наҷотбахши миллат бо далелҳои раднопазир собит менамояд. Ин чеҳраи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ воқеан дар қалбу андешаи мардум бо ташаббусҳои сатҳи баланд ва таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии мамлакат Пешвои ҳақиқии миллатро соҳиб шудааст. Далели бузургу раднопазири ин андеша эҳтирому самимияти сокинони мамлакат нисбат ба Пешвои миллат аст, ки аз фаъолияти содиқона, созанда ва эътирофшудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ сарчашма гирифтааст.

Ҳамватанони азиз!

Вилояти Хатлон низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва таъмини фазои мусоиди суботи сиёсӣ бо марҳилаи пешрафт ва таҳаввулоти азими созандагию бунёдкории мамлакат ҳамқадам буда, тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят бамаротиб беҳтар гардида истодаанд.

Натиҷаи меҳнати самарабахши сокинони заҳматқарини вилоят бозорҳои истеъмолии мамлакатро бо маҳсулоти босифати истеъмолӣ таъмин намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу замин, аз як замин гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои корами обӣ ва содироти маҳсулоти босифат ба хориҷи кишвар бамаротиб зиёд гардида, ба баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади таъмини зиндагии шоиста ба мардум садҳо иншооти муосири таъиноти гуногун, аз ҷумла бунёди муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Ҳамзамон, дар заминаи таъмини ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди корхонаҳои азими саноатӣ вусъати баланд дошта, ба сокинони вилоят ҷойҳои нави корӣ таъмин мешавад.

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 6 ҳазору 260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 2809 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст, ки самараи пойдории ваҳдату сарҷаъмӣ ва тинҷиву оромӣ дар кишвар аст.

Итминони комил дорам, ки сокинони шарафманду соҳибсаодати Хатлонзамин дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат амалӣ намудани ташаббусҳои беназирро идома дода, бо анҷоми корҳои бунёдкорию созандагӣ дар таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, саҳми шоистаи худро мегузоранд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир зарур аст, ки ҳар як фарди ватандӯст дар тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат худро масъул донад.

Тавре, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Тазодҳои замони муосир, зуҳури ғояҳои хатарбор, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва хатарҳои дигар, ки тӯфони ҷаҳонишавӣ бо худ меоварад, моро водор месозанд, ки андешаи муқаддаси ваҳдати миллиро ба хотири саодати миллат ва бақои давлат ҳарчи бештар густариш бахшем”.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо фаъолон ва ходимони дин санаи 9-уми март дар шаҳри Душанбе ва санаи 25-уми майи соли равон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара баён доштанд, тадбирҳои мушаххас андешида, дар ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ, таълиму тарбияи шоистаи фарзандон, устувор гардонидани ҳисси ватанпарастии ҷавонон, пойдории забон, аз байн бурдани фарҳанги бегонапарастӣ ва аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ эмин нигоҳ доштани ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи устувор дошта бошем.

Таҳаввулот ва рушди босуръати ҷаҳони муосир аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки дар мазраи эътимоду боварӣ ба ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолият, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон аҳлона заҳмат кашем ва бо шукронаи фазои тинҷу осудаи мамлакат дар саҳифаҳои таърих ба наслҳои ояндаи кишвар сабт намоем, ки Пешвои ваҳдатовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушангари таъриху тамаддуни гузаштагон ва меъмори сулҳу ваҳдати Тоҷикистон аст.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

Related Articles