30 май, дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҳосилғундорӣ дар хоҷагии деҳқонии “Раҷабалӣ”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон боздид намуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Раҷабалӣ» дорои 9 гектар заминҳои корами обӣ буда, дар соли ҷорӣ дар 2,5 гектар картошка, 2 гектар гандум ва 4 гектар хӯроки чорво (юнучқа) кишт намудааст. Айни замон ҳосили картошка омода шудааст.
Хоҷагии деҳқонии “Раҷабалӣ” соли 1999 аз тарафи деҳқони ботаҷриба Усмоналӣ Раҷабов дар масоҳати 9 гектар замини обӣ ташкил гардида, дар он 5 нафар саҳмдор фаъолият менамоянд, ки ҳамасола зироати гуногуни кишоварзӣ кишту парвариш ва истеҳсол менамоянд.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ кишти зироати хӯроки чорво, аз ҷумла беда мебошад, ки ин навъи зироат дар 4 гектари замини хоҷагӣ корида шуда, ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мегардад.
Бо ҳамин роҳ ҳамасола хоҷагидорон номгӯи зиёди зироати кишоварзиро кишт карда, аз самараи дастранҷи худ дар беҳбудии рӯзгори саҳмдорон ва сатҳи иқтисодии хоҷагӣ саҳмгузорӣ мекунанд. Соли дуюм аст. ки хоҷагидорон бо роҳандозии таҷрибаи нави истеҳсолӣ дар масоҳати 25 гектар кишти барвақтии картошкаро зери плёнка ба роҳ монданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ намуда, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тоззаи табиӣ баҳои баланд доданд.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки роҳбари хоҷагӣ тасмим гирифт, то 2 тонна картошка аз ҳосили ҷамънамудаашро ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ҳамчун кӯмак пешниҳод намояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон