ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”


30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар деҳоти ба номи Г. Юсуфоваи ноҳияи Ёвон боздид намуданд.

Сарвари хоҷагии деҳқонии «Саховат» Қиёмиддин Абдукаримов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки шумораи саҳмдорони хоҷагӣ ба 15 нафар мерасад. Майдони умумии замини хоҷагӣ 18 га (корами обӣ) буда, дар 4 гектари он пахта, дар 3,5 гектар гандум, 1,4 гектар боғ, 5 гектар беда, 0,5 гектар пиёзу дигар анвои сабзавот парвариш карда мешавад.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки аз 20 сотих замин 15 тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст.

Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Саховат» ҳамасола тавассути истифодаи оқилонаи заминҳои дар ихтиёрдоштаашон ҳосили хуб ба даст оварда, хароҷоти рӯзгори худро таъмин менамоянд ва як қисмати онро ба фурӯш мебароранд.


Раиси вилоят аз фаъолияти бисёрсола ва таҷрибаи ғании Қиёмиддин Абдукаримов дар соҳаи кишоварзӣ ситоиш намуданд.

Давлаталӣ Саид дар ин мавзеъ ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзии оростаи деҳқонони хоҷагӣ дидан карданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles