Имрӯз, 24 феврал, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Раиси вилоят дар ибтидо қайд намуданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон ҳамеша таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва мо вазифадор ҳастем, ки барои ҳалли мушкилояти шаҳрвандон чораҷӯӣ намоем.
Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба таъмини оби нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, ташкил намудани гармхона тавассути лоиҳа бо истифода аз гранти раиси вилоят барои соҳибкорзанон, расонидани кӯмак ва таъмини аробачаи маъюбӣ барои маълулон ва оилаҳои онҳо, оид ба иваз намудани симчӯбҳои барқ, ташкили соҳибкории хурд ва ғайра дархости мусоидати раиси вилоятро карданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки масъулин ва раисони ҷамоатҳо хона ба хона гашта, аз ваъзи зиндагии мардум огоҳ шаванд ва рӯйхати оилаҳои камбизоатро таҳия намоянд, то ки аз Фонди эҳсонкорӣ, ки вилоят таъсис додааст, ба онҳо пайваста кӯмак расонида шавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо масъулин ва роҳбарони идораҳои шаҳрӣ оид ба ободу зебо гардонидани шаҳр, шинонидани дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо, тарбияи ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мулоқот намуда, гуфтанд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ҳамаи моро вазифадор карданд, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем ва тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон