БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ БЕЗАРАРГАРДОНӢ БАР ЗИДДИ МАЛАХ


Дар талу теппаҳои ноҳияи Кӯшониён, Вахш, Панҷ ва шаҳри Левакант корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома дорад.

Имрӯз, 30 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз мавзеъҳои хурӯҷи малах, роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва нест кардани ин ҳашарати зиёновар дидан карданд.

Ба иттилоъи масъулин ҳоло дар заминҳои чарогоҳи ноҳияи Кӯшониён, Вахш, Панҷ ва шаҳри Левакант корҳои безарарсозии марҳилаи дуюми коркард дар баъзе минтақаҳо идома дорад.

 

Корҳои кимиёвӣ бар зиди малахи марокашӣ аз моҳи март идома дошта, давоми се марҳила гузаронида мешавад.

Аз асари тағйирёбии иқлим имсол дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон – Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Шаҳритус ва охиран ноҳияи Қубодиён, хуруҷи малахи марокашӣ мушоҳида мешавад.

Ба назари мутахассисон малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефароянд.

Бояд зикр намуд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, то имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии экспедитсияи мубориза бар зидди малахи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастуру супоришҳо оид ба кору фаъолияти ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ вобаста ба ташкили муборизаи муташаккилона бар зидди малах доданд. Таъкид карда шуд, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, оид ба пешгирии домангустарии ҳашароти зараррасон тамоми чораҳо андешида шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles