Давоми се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 ҳазору 861 кас бо ҷойҳои кори доимӣ, масимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шудаанд, ки аз онҳо 2 ҳазору 908 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Аз Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар ин давра ба Раёсат ва шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 9 ҳазору 183 нафар муроҷиат карданд, ки аз онҳо 8 ҳазору 297 нафарашон ба қайд гирифта шуда, 5 ҳазору 861 кас бо ҷойи корӣ доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шудаанд.
“Дар ин давра дар вилоят 75 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар ин ярмаркаҳо 821 корхона иштирок карда, 2 ҳазору 884 ҷойи кор пешниҳод карданд. Дар онҳо 7 ҳазору 541 кас иштирок карда, 1 ҳазору 246 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 1093 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки аз онҳо 519 нафарашон занон мебошанд ва 670 каси дигар ба касбомӯзи ҷалб карда шуданд”, – гуфтанд аз раёсати мазкур.
Дар умум 2 ҳазору 174 нафар дар се моҳи соли 2024-ум ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбиӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин дар ин давра ба 1 ҳазору 641 нафар ҷавони аз хизмати ҳарбӣ барагашта ва маҳбусони озодшуда 1 миллиону 158 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст.
Аз саҳифаи farazh.tj