ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Имрӯз, 27 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Раиси вилоят дар ибтидо зикр намуданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат буда, масъулин бояд саривақт ба мушкили мардум расидагӣ намоянд.

 

Таъкид гардид, ки давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба расонидани ёрии амалӣ барои баргардонидани муҳаррики пойгоҳи обкашӣ ва мусоидат намудан барои насби пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмини об ба заминҳои кишоварзӣ, расонидани ёрии амалӣ барои тоза кардани селроҳа, мусоидат намудан ҷиҳати ҷонноккунии амалишавии лоиҳаи таҷдиду азнавсозии пойгоҳу иншоотҳои мелиоративӣ ва дар навбати аввал анҷом додани корҳо дар мавзеҳои хавфноку осебпазир, мусоидат ҷиҳати гирифтани маблағи гранти раиси вилоят барои соҳибкорзанон, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, барқарор кардани қитъаи садамавии Лойқасой, расонидани кӯмаки молиявӣ барои табобат, расонидани ёрии моддӣ барои таъмири манзили истиқоматӣ, андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати пешгирию бартарафкунии ҳолати садаманокии қитъаи шоҳроҳ, барқароркунии канализатсияи беморхонаи марказӣ дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мулоқот анҷом доданд.

Раиси вилоят оид ба таъмини иҷрои нақшаи андоз, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси вилоят афзуд, ки мо бояд кӯшиш кунем, то мушкилоти мардумро дар сатҳи маҳал ҳал намоем ва ба оилаҳои ниёзманд кӯмаки ҳамешагии худро расонем.

– Ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурдан лозим аст, то саҳми худро дар амнияти озуқаворӣ гузорем. Корҳои сабзу хуррамгардониро низ хона ба хона амалӣ намудан лозим аст.

Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳодисаҳои атроф, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзишу мусобиқаҳо, расидан ба арзи мардум вазифаи меҳварии ҳар як хизматчии давлатӣ ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles