Заробиддин Абдусаломзода, сокини 31 солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, яке аз қулфинайпарвари пешқадам ба ҳисоб меравад. Ӯ парвариши қулфинайро дар гармхона аз 0,30 га оғоз кард. Ҳоло шумораи гармхонаҳояш ба 15 адад ва масоҳаташ наздик ба 1 гектар расидааст.
Ҳар гармхонаи ӯ 6 метр паҳноӣ ва 60 метр дарозӣ дорад. Дар ҳар як гармхона 3 ҳазор ниҳоли қулфинай кишт шудааст. Навъҳое, ки Заробиддин Абдусаломзода парвариш мекунад, “Флорида” ва “Фестивал” ном дошта, барои содирот нигаронида шудааст.
Ин ҷавони меҳнаткаш беш аз як моҳ аст, ки ҳосили қулфинайро аз гармхонаҳои худ ҷамъоварӣ намуда, ба бозор мебарорад.
Ба гуфтаи ӯ дар фасли зимистон дидани чунин ҳосили пурбор ё ниҳолони сабзу ғарқи гулу ғурраи қулфинай, танҳо аз плёнкапӯш гаштани замин вобаста нест. Чун барои гирифтани ҳосили пурбору мевае шаҳдбор қабл аз ҳама доштани таҷриба, меҳнати ҳалолу интихоби дурусти тухмӣ ё навъи маҳсулот ва коркарди агротехникии он муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Заробиддин Абдусаломзода чун ҳазорҳо ҷавонони дигари кишвар қаблан ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафт. Аммо 4 сол мешавад, ки ба қулфинайпарварӣ шуғл варзида, аз ин ҳисоб бори рӯзгорро мекашонад.
– Чор сол пеш, вақте ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштам, ҳамроҳи дӯстам ба ҳамсояқишлоқ рафтем, дар онҷо бо деҳқоне, вохӯрдем, ки дар шароити гармхона парвариши қулфинайро ба роҳ монда буд, – қисса мекунад Заробиддин. – Дар аввал, ҳосили пухтарасидаи қулфинайро дида, ҳайратзада шудем, ки дар фасли зимистон, чӣ хел онро парвариш кардаанд. Ҳамин тариқ мо низ якҷо бо рафиқам аз 0, 30 га замин парвариши қулфинайро оғоз кардем. Бо таҷриба гирифтану фоида ба даст овардан, имсол ҳарду дар алоҳидагӣ ба парвариши қулфинай пардохтем.
Ба нақли Заробиддин Абдусаломзода маҳз рӯ овардан ба қулфинайпарварӣ ӯро водор кард, то дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ наравад. Назди падару модар ва зану фарзандон бимонаду аз ҳисоби деҳқонӣ рӯзгори худро пеш барад.
Ҳоло ин ҷавони меҳнатдӯст ният дорад, ки бо зиёд кардани майдони гармхонаҳои худ оянда содироти қулфинайро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монад.
– Як асрори дар фасли зимистон тезтар пухта расидан ё сурх гаштани ҳосили қулфинай, ин истифодаи дурусти нуриҳои минералӣ аст, – мегӯяд қаҳрамони матлаби мо. – Аммо, ман барои тамъи хуб доштану аз ҷиҳати экологӣ тоза мондани ҳосили қулфинай аз шири гов истифода мебарам. Ширро ба об ҳамроҳ карда ба ниҳолон медиҳем, то ҳосил тезтар барои ҷамъоварӣ кардан омода шавад.
Ӯ мегӯяд, бо меҳнати ҳалолу интихоби навъҳои бозоргузари қулфинай имкон аст, ки дар ин самт муваффақ гашт. Зеро аз фасли баҳор дида, дар зимистон харидори ин навъи маҳсулот бештар ба назар мерасаду талабот ба ин меваи хуштамъ зиёд аст.
– Навъҳои қулфинайе, ки мо парвариш мекунем, ба сардӣ тобовар буда, гули он то -5 дараҷа ва ғурра ё худ ҳосили қулфинай наздик ба -12 дараҷа тобовар аст,- зикр мекунад Заробиддин.
– Барои ба сурхи ҷигарӣ табдил ёфтани ҳосил ҳам ба нури офтоб зиёд эҳтиёҷ надорад. Ҳамин аст, ки дар рӯзҳои кӯтоҳи фасли зимистон низ ҳосили фаровони қулфинайҳои гармхонаҳои мо пухта мерасад.
Бояд гуфт, ки харидорони асосии маҳсулоти онҳо тоҷирони шаҳри Душанбе ба ҳисоб мераванд. Онҳо аз сари замин 1 кг қулфинайро бо арзиши 50 сомонӣ харида мебаранд.
Парвариши қулфинай дар гармхона таҷрибаи нав нест. Аммо истеҳсоли фаровони он дар фасли зимистон таҷрибаи нав аст, ки барзгарон амалӣ намуда истодаанд. Қаблан як – ду гармхонаро дар ин ё он шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мушоҳида кардан мумкин буд, ки ба парвариши қулфинай равона гашта буд, аммо имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гармхонаҳои зиёд канори ҳам саф ороста, ҳама ба қулфинайпарварӣ машғуланд.
Низоми ИСО, “Сафо”
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ