ХАТЛОН. БЕҲТАРИН ШАҲРУ НОҲИЯВУ ШАҲРАКУ МАҲАЛЛАВУ ХОНАВУ ДЕҲОТ ДАР СОЛИ 2023


Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024 баргузор гардид.

Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 феврали соли 2023, №46 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ “Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дар вилояти Хатлон ба тасвиб расида, тибқи Низомномаи озмун ва дар муҳлатҳои муқарраргардида озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд.

Ҳадафи озмуни вилоятӣ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва самаранок истифодабарии замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ равона гардидааст.

Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмунҳо 2,6 миллион нафар фаро гирифта шуда, 1570 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи якуми озмун барои муайян намудани «Беҳтарин шаҳру ноҳия» иштирок намудаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷараён ва натиҷаи ҷамъбасти озмунҳо тавассути воситаҳои ахбори оммаи вилоят мунтазам барномаҳо ва хабарҳо таҳия ва чоп гардида, пешкаши тамошобинони оинаи нилгун, шунавандагони радио ва хонандагони рӯзномаҳои маҳаллӣ гардонида шуд.

Дар қисмати охири маҷлис маросими ҳавасмандгардонии ғолибони “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023” бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир гардид.

Кумитаи тадорукоти “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023” ғолибонро ба тариқи зайл эълон намуданд:

НОМИНАИ “ШАҲРИ БЕҲТАРИН”
1. Шаҳри Левакант, ҷойи якум;
2. Шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм;
3. Шаҳри Норак, ҷойи сеюм.

НОМИНАИ “НОҲИЯИ БЕҲТАРИН”
1. Ноҳияи Данғара, ҷойи якум;
2. Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷайи дуюм;
3. Ноҳияи Ҷайҳун, ҷойи сеюм.

НОМИНАИ “ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН”
1. Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, ҷойи якум;
2. Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон, ҷойи дуюм;
3. Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷойи сеюм.

НОМИНАИ “ДЕҲОТИ БЕҲТАРИН”
1. Деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод, ҷойи якум;
2. Деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон, ҷойи дуюм;
3. Деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг, ҷойи сеюм.

НОМИНАИ “МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН”
1. Маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор, ҷойи якум;
2. Маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ, ҷойи дуюм;
3. Маҳаллаи ба номи Қаландар Ҳаитови ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус, ҷойи сеюм.

НОМИНАИ “ДЕҲАИ БЕҲТАРИН”
1. Деҳаи Кангурти ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, ҷойи якум;
2. Деҳаи Қизил-октябри ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷойи дуюм;
3. Деҳаи Хоҷағалтони ҷамоати деҳоти Шуроободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҷойи сеюм.

НОМИНАИ “ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ”
1. Хонаи Раҳмонзода Фазлиддин, сокини маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар, ҷойи якум;
2. Хонаи Қодиров Тоҳир, сокини ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимови ноҳияи Балҷувон, ҷойи дуюм;
3. Хонаи Абдураҳмонов Шералӣ, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ, ҷойи сеюм.

Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар вазъияти тантанавӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибонашон супориданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles