БАЛХӢ. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 288 НАФАР ХОНАНДА


Имрӯз, 17 апрел, бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сафири Япония дар Тоҷикистон Тошихиро Аикӣ, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар деҳаи Қазоқободи ҷамоати деҳоти Маданият бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи лоиҳа иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои утоқи омӯзгорон ва 12 адад синфхона барои 288 нафар хонанда дар як баст мебошад.

Иншооти мазкур дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва таъмини рушди бомароми фаъолияти соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Бояд зикр намуд, ки оид ба иҷрои “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” дар марҳилаи якум солҳои 2022-2024 таъсиси 22 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 16 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles