БАРГУЗОРИИ ФОРУМИ “ОМӮЗГОРИ НАВОВАР”

 

 

Имрӯз, 17 апрел, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳри Бохтар озмунии “Омӯзгори навовар” баргузор гардид.

Дар озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, мудири шуъбаи маориф Шоиста Абдуназарзода, намояндагони шарикони рушд ва омӯзгорони навовари пешсафи муассисаҳои таълимии лоиҳавии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкор ташкил гардидааст. Соли дуюм аст, ки озмун дар заминаи ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо шарикони рушд гузаронида мешавад. Соли гузашта ғолиби озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ аз муассисаи таълимии рақами 2-и ноҳияи Данғара ғолиб дониста шуда буд.

Аъзои ҳакамон ва меҳмонон аз эҷодиёту навоварии омӯзгорон дидан карда, баҳогузорӣ намуданд. Ғолибон муайян шуда, мавриди қадрдонӣ қарор мегиранд.

                                                                         Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles