Бахшида ба ҷашни Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 22 сентябр таҷлил мешавад, дар майдони назди муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоирзода ва раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ширкат варзида, аз намоишгоҳи китобҳои бадеӣ, осори Рӯдакӣ, намоиши рӯдакихонӣ дидан намуда, дар назди пайкараи Одамушшуаро ба рамзи эҳтирому арҷгузорӣ гулчанбар гузоштанд.
Пасон, муовини раиси вилоят Умед Зоирзода номаи шодбошии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзодаро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба ҳозирин ироа намуд. Зикр шуд, ки устод Рӯдакӣ шоири соҳибмактаб аст ва бо гузашти беш аз ҳазор сол осори ӯ байни мардум пойбарҷову маҳбуб аст.
— Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сарнавишти халқи тоҷик аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани баландмазмуни худ барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти тоҷику форс пояи устувор гузошт, — зикр кард У. Зоирзода. — Рӯзи Рӯдакӣ – рӯзи шинохти тамаддуни миллӣ, забони модарӣ ва рамзи ҷовидонаи миллати фарҳангсози мост.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш суруду таронаҳо аз осори безаволи Одамушшуаро Рӯдакӣ манзури тамошочиён гардид. Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Амриддини Кабир, Муҳаммадалӣ Аюбӣ, Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Маҳмадризо Ашӯров ва Саидалӣ Сабзов, ҳунарпешаҳои ансамбли рақсии “Ситора”, ансамблҳои “Шашмақом” ва “Хутал” ва санъаткорони дигари вилоят композитсияҳои адабӣ, оҳангу тарона ва рақсҳои дилошӯберо тақдими ҳаводорони осори Рӯдакӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон