БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Имрӯз, 12 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 672 хонанда дар ду баст, воқеъ дар деҳаи Зарнисор, боздид ба амал оварданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҷониби Филиали сохтмони асосии вилоят дар минтақаи Кӯлоб бунёд гардида истодааст. Иншоот бо дарназардошти талаботи муосири соҳаи маориф тарҳрезӣ шуда, синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасонро дар бар мегирад.

Таъкид гардид, ки сохтмони муассисаи мазкур дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия роҳандозӣ шуда, ба ҳалли мушкилоти норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон мусоидат менамояд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав, садҳо нафар хонандагони деҳа ва атрофи он бо шароити муосири таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои масъулон, айни замон корҳои асосии сохтмонӣ идома дошта, сохтмончиён талош доранд, ки иншоотро бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонанд. Қарор аст муассисаи таълимӣ то моҳи сентябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирад.

Раиси вилояти Хатлон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, ҳамзамон ҷиҳати таъмини сатҳу сифати баланд, риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳои боқимонда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сохтмони чунин иншооти иҷтимоӣ далели таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумат ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас арзёбӣ мегардад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles