Дар доираи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид санаи 22.04.2025 муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин аз корхонаҳои ноҳияи Хуросон дидан намуда, бо иштироки раис, муовини соҳавӣ, сардори шуъбаҳои андоз, омор, сардори шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳия ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия ҷаласа гузаронида шуд. Дар асоси маълумотҳои омории соли 2024 ва се моҳи соли 2025 фаъолияти ҳар як корхона оид ба арзиши аслии маҳсулот, музди меҳнат, истифодаи барқ дар истеҳсолот, пардохти маблағи барқи истифодашуда, ҳаҷми пахтаи қабулгардида ва коркарди он, ҳаҷми корхонаҳои истеҳсолкунандаи қуму шағал, корхонаҳои сохташаванда ва аз фаъолият бозмонда баррасӣ карда шуд. Ҳангоми барраси дастур дода шуд, ки нархи маҳсулот бо дарназардошти зиёд шудани нархи барқ бозбинӣ карда шавад.
Барои дар соли ҷорӣ омода намудани корхонаҳои коркарди пахта ва дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ мондани қабули патаи хом дар онҳо, аз ҳисоботҳои омори берун намондани нахи пахтаи истеҳсол гардида ба шахсони масъул ва роҳбарони корхонаҳо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид расонида шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон