Имрӯз, 8 апрел, бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Муъминобод, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Чорсӯ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти нав бо маблағгузории Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби ҶДММ “Хуҷаи Нур” бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд гардида, 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.
Бино аз 2 ошёна иборат буда, дорои 8 утоқи корӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон ва инфрасохтори зарурии муосир мебошад. Масоҳати зери сохтмонро 251 метри мураббаъ ташкил дода, ҳамаи шароити зарурӣ барои фаъолияти самараноки кормандони соҳавӣ фароҳам оварда шудааст.
Ифтитоҳи иншооти мазкур қадами муҳиме дар роҳи таҳкими идоракунии хоҷагии ҷангал, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Он ҳамчунин бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти Олии мамлакат ба масоили экологӣ ва рушди инфрасохтори соҳавӣ дар минтақаҳои дурдаст мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон