МУЪМИНОБОД. БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ТУТИЁН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

Имрӯз, 8 апрел, бинои нави маъмурии ҷамоати деҳоти Тутиён, воқеъ дар деҳаи Ободони ноҳияи Муъминобод бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти мазкур бо усули муосири меъморӣ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии минтақаи Кӯлоб, бо ширкати пудратии ҶДММ “Ҷовидон-2010”, ба маблағи 6 миллиону 994 ҳазор сомонӣ сохта шуда, ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи аввал утоқҳои кории кормандон ва дар ошёнаи дуюм утоқҳои идорӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгиранд. Атрофи иншоот бо гулу гулбуттаҳо оро ёфта, роҳравҳо сафолакпӯш карда шудаанд, чароғонкунии шабона ва ниҳолшинонии дарахтони сояафкан муҳити кориро боз ҳам гуворотар гардонидаанд.

Сохтмони чунин биноҳои маъмурӣ на танҳо муҳити хизматрасониро беҳтар месозад, балки барои тақвияти идоракунии маҳаллӣ ва дастрасии мардум ба хизматрасониҳои давлатӣ нақши назаррас мегузорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles