Ҳамдиёрони азиз!
Наврӯз аз умқи ҳазорсолаҳо сарчашма гирифта, рамзи эҳёи табиат, таҷдиди андешаву афкор, таҳкими ваҳдат ва шукӯҳи фарҳанги миллӣ буда, барои миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанги мо на танҳо як ҷашн, балки рукни муҳими худшиносӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳангӣ ва нишонаи волои ҳувияти миллӣ ба шумор меравад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ – ҷашни баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав, самимона табрик менамоям.
Вожаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав»-ро дошта, ҷашни созандаву сулҳовар, пайвандгари қалбҳо, таблиғгари дӯстию ҳамбастагӣ, баробарӣ, адолат ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошад.
Решаи қадимтарини таърихи Наврӯз ба давраи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён, дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад.
Дар бораи чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз дар сарчашмаҳо маълумоти гуногун додаанд. Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад, ки: “Наврӯз дар аҳди Сосониён 6 рӯз ҷашн гирифта мешуд. Рӯзи аввал мардум аз тарафи шоҳ қабул карда мешуд, рӯзи дувум давлатмандон ва мансабдорон, рӯзи сеюм мӯбадон, рӯзи чорум аҳли дарбор, рӯзи панҷум фарзандон ва пайвандони шоҳ, рӯзи шашум бо ширкати бевоситаи шоҳ Наврӯзи оламафрӯзро ботантана ҷашн гирифта мешуд”.
Тибқи маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ шоҳони асосӣ Наврӯзро дар аввал 30 рӯз ва баъдҳо 6 рӯз ҷашн мегирифтанд. Ҳар як рӯз ба таври ба худ хос ҷашн гирифта мешуд. Дар байни ин рӯзҳо рӯзи шашум махсус буд, бино бар ин ба худ номи «Наврӯзи Бузург»-ро гирифт. Дар ин рӯз худи шоҳ Наврӯзро ид мекард. Чуноне гуфта мешавад: «Вақте ки шоҳ хурсанду шод аст, раият низ шодмон аст».
Имрӯз ҷашни Наврӯз бо мурури замон ба иди дар ҳақиқат мардумӣ мубаддал шуда, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад. Наврӯз ин рӯзи нав аст, рӯзе, ки орзуҳо амалӣ мегарданд, ҷудоиҳо ба васл мепайванданд ва ба дилҳо гармӣ ва умед мебахшад.
Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.
Чанд сол муқаддам ин ҷашни бостонӣ бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии даҳҳо кишвари олам, аз ҷумла мамолики ҳавзаи тамаддуни Наврӯз бо Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ин падида, мояи ифтихори мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳар сол дар рӯзи ҷашнгирии ин ойини ростини қадимӣ хусусиятҳои хоси миллии он, ки аз ниёгони бузургамон мерос мондаанд, бо хусусиятҳои хос ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.
Яке аз рукнҳои маъмулу писандидаи Наврӯз, ки имрӯз сайри ҷаҳон дорад, ба дидори ҳам расидан, дасти сахову меҳр доштан, оғӯши гарм кушодану даст ба дасти ҳам додан ва ғаразу бухлу кинаро аз қалбҳо берун намудан мебошад. Мардум дар ин рӯз хонаву кошонаи худро сафед мекунанд, сару либоси нав мепӯшанд ва то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро орзу менамоянд.
Бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву ободгарона – донаи умед коштан, ниҳолҳои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву ҳавлӣ ва кӯчаву растаҳо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз ҷумлаи суннатҳои асосии Наврӯз ба шумор мераванд.
Вобаста ба ин, ҳар сол дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург бо ташаббуси шахсони ҳимматбаланд, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номуси кишвар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят тавассути бунёди иншооти хурду бузурги истеҳсолӣ ва хизматрасониву тиҷоратӣ ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 оид ба «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз 655656 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан шинонида шудааст, ки 131 фоизи нақшаи соли ҷориро ташкил медиҳад. Боварӣ дорам, ки сокинони вилоят дар амалишавии ин Барнома ва ҷиҳати ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии Ватани худ саҳми муносиби худро мегузоранд.
Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
Бо шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва муаррифии шоистаи халқи кӯҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон ҳифз мекунем. Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, Чакан аз ҷумлаи ҳамин неъматҳои ғайримоддии фарҳангӣ мебошанд.
Яке аз ойинҳои дигари Наврӯз оғози киштукори баҳорӣ, мавсими нави чорводорию боғу токпарварӣ, зироату заминдорӣ аст. Бояд таъкид созам, ки чор унсури ҳастии дунё – об, оташ, бод, хок дар кишвари мо, аз ҷумла вилояти Хатлон ба фаровонӣ мавҷуд буда, оби ҷонбахш, замини зархез, гармии муътадил ва боди фораму ҳаловатбахш дорем. Зарур аст, ки фарҳанги истифодаи самараноки замину об ва дигар захираҳои мавҷударо ба фарзандон омӯхта, аз насл ба насл талқин намоем.
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз то имрӯз дар вилоят корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шуданд. Воқеан, яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад, ки ҳар як сокини вилоят барои ободии диёр бояд саҳми худро гузорад, маҳалли зист ва кӯчаву маҳалли худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад. Зеро ин рисолати ватандӯстонаву шаҳрвандии тамоми сокинони вилоят ва вазифаи инсонии ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Маврид ба зикри хос аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, таъсиси корхонаю коргоҳҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, тақвиятбахшии фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон мусоидат намуда, дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2024 мусбат ҷамъбаст карда шуд.
Мутмаинам, ки сокинони шарафманди вилоят ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш намуда, дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳар яки мо барои пешгирӣ ва бартараф намудани исрофу зиёдаравиҳо ҳангоми гузарондани ҷашну маросими мардумӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз истиқлолу озодии Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда бояд истифода барем.
Дар вилояти Хатлон вобаста ба чорабинии тарғиботию оммафаҳмонӣ бо усули корбарии фардии “Хона ба хона” амри раиси вилояти Хатлон аз 4 феврали соли 2025, таҳти №2, ба тасвиб расида, миёни сокинони вилоят ҳамарӯза корбарӣ идома дорад.
Вобаста ба ин, бояд бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, хурофотпарастию ифротгароӣ, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллии мо бегона, фаро гирифтани ҷавонону наврасон ба донишандӯзию касбомӯзӣ, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон, арҷ гузоштан ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, деҳаву маҳалла, кӯчаю хиёбонҳо ва ба ин васила сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои ифтихорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза касб намояд.
Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланду соҳибмаърифати вилояти Хатлон шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ба ҷо оварда, барои ободу зебо гардидани вилоят саъю талоши боз ҳам бештар менамоянд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар сокинони меҳнатқарини вилояти Хатлонро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо бахту саодат, хайру осоиш, некуаҳволӣ ва ба диёри арҷмандамон пешрафту шукуфоии пайваста орзу менамоям.
Бигзор, ки Наврӯзи имсола барои тамоми мардуми Тоҷикистони азиз файзу эҳсон ва баракату нусрати фаровон биёрад.
Ҷашни Наврӯзи ҳучаста муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!