Имрӯз, 14 март, дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни кишти пунбадона, ки бо усули муосир ва зери плёнка анҷом дода мешавад, боздид намуда, бо хоҷагидорон ва масъулини ҶСП «Ҷунтай Хатлон Син Силу» доир ба вусъати корҳои саҳроӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии пахта суҳбат намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин ширкат 3200 гектар заминро дар ихтиёр дошта, дар он навъҳои хушсифати пунбадона кишт карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Хатлон Син Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2014 инҷониб фаъолият дошта, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам бо обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар самти парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
ҶСП «Ҷунтай Хатлон Син Силу» аз рӯи кишти навъи пахтаи “кӯтоҳ, зич, барвақт, пвх” ҳамагӣ 3800 гектар пахта кишт карда, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 5,25 тонна ва ба ҳисоби баланд аз ҳар гектар 8,7 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда мешавад.
Ширкати мазкур тавассути навовариҳои пайвастаи технологӣ, дар замини ҷорӣ, васеъ ва пешбурди навъҳои хуб, технологияи пешрафтаи парвариши пахта мутобиқ ба иқлим ва захираҳои замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути истифодаи обёрии қатрагӣ ба таври муосир парвариш карда мешавад. Техникаи кишоварзии ширкат на танҳо барои фаъолияти корхона, балки барои кори хоҷагиҳои маҳаллии ёрирасон низ истифода бурда мешаванд.
Хадамоти матботи раиси вилояти Хатлон