Имруз, 21 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Бохтар шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 5 ошёна, 33 синфхона бо таҳхона ва толори маҷлисгоҳ барои 640 нафар хонанда дар як баст иборат мебошад. Иншооти мазкур бо маблағи умумии 10 миллион сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳали ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сохта шуда истодааст.
Раиси вилоят ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ босифат ба анҷом расонида шавад.
Инчунин, раиси вилоят дар саҳни муассиса дарахти ороишӣ шинонида, ҷиҳати сарсабзу зебо намудани атрофи иншоот ба масъулин дастур доданд.
Сипас, дар ин ҷо раиси вилоят ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар-1 бо интихобкунандагон суҳбати самимӣ намуданд.
Зикр гардид, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, ба шаҳрвандон имконият медиҳад, то номзади арзандаи худро интихоб намоянд.
Раиси вилоят аз участкаи интихоботии дохили муассиса дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуданд.
Зимни суҳбат омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо даъват намуда, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав ҳидоят карданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон