Имрӯз, 17 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода аз Филиали Муассиаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар минтақаи Бохтар боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади пешгирӣ намудани зироатҳои кишоварзӣ аз ҳашаротҳои заррарасон филиали номбурда, дорои 22 адад техника ва дигар таҷҳизоти лозима буда, барои истифода дар хатти тайёр омада мебошанд.
Ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони Филиал раиси вилоят таъкид намуданд,ки бо мақсади саривақт пешгирӣ намудани ҳашаротҳои заррарасон, аз ҷумла малах дар ноҳияҳои Панҷ, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш кормандони соҳаро лозим аст, ки чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, техника ва заҳрхимикатҳои лозимаро саривақт омода намоянд, то ин ки зироатҳои кишоварзиро аз ҳашаротҳои заррарасон эмин нигоҳ доранд.
Бояд зикр намуд, ки ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шуда, ҳамасола ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас мегардад.
Хадамоти матуоти раиси вилояти Хатлон