17.02.2025. Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода бо мақсади саривақт гузаронидани кишти зироатҳои кишоварзӣ, бахусус пумбадона дар хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш аз тайёрии техника ва мошинолоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб” яке аз хоҷагиҳои калонтарин маҳсуб ёфта, аслан ба соҳаи пахтакорӣ машғул мебошад. Хоҷагии мазкур бо мақсади таъмин намудани хоҷагиҳои пахтакори ноҳия зиёда аз 800 тонна чигити тухмии аълосифат, аз ҷумла 150 тонна навъи 93 – 26, 500 тонна навъи султон, 100 тонна навъи лазер, 10 тонна навъи мая – 455 захира намудааст.
Хоҷагӣ имкон дорад, ки дар мавсими кишт хоҷагиҳои пахтакори ноҳияро бо чигити тухмии ватанӣ таъмин намояд.
Раиси вилоят ва меҳмонон аз омодагии техника ва мошинолоти кишоварзӣ дидан намуда, дар хатти тайёр зиёда аз 100 адад техника ва 30 адад тухмипошакҳо омода буданд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки бояд техникаи зарурӣ ва тухмипошакҳо аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ ба кишти пумбадона омода бошанд.
Бо мақсади баланд бардоштани истеҳсоли пахта, тибқи дастури раиси вилоят кишоварзони ноҳия бояд дар майдони 2 ҳазор гектар кишти зери плёнка гузаронанд. Барои гузаронидани кишти зери плёнка ба тарзи муосир дар ноҳия 5 адад тухмипошаки зери плёнка ба хатти тайёр омода мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба тариқи иҷораи молиявии лизингӣ аз тарафи корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” аз аввали фаъолият ба ноҳия ба малағи 27 миллион сомонӣ техника ва мошинолоти кишоварзӣ дастрас карда шудаст.
Зимни боздид аз техникаи кишоварзӣ ба механизаторон, хоҷагидорон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки то оғози кишту кор техникаи заруриро тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба кор омада созанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид масъулони ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагидоронро муваззаф намуданд, ки дар кишти пумбадона аз тухмиҳои серҳосили ба иқлим мутобиқ ва сертификатдошта истифода бурда, дурнамое, ки бар зимаашон вогузор шудааст, дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон