САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВАХШ

17.02.2025. Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолияти кишоварзони ноҳияи Вахш шиносоӣ пайдо намуда, дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳия аз кооперативи тиҷоратӣ-тухмипарварии “Нуфузи Вахш” дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи мазкур дорои 54 гектар замини корами обӣ буда, дар майдони 3 гектари он картошка кишт намуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Инчунин, хоҷагидор имсол дар майдони 46 гектар кишти пунбадона мегузаронад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба самараноку оқилона истифода бурдани замин ва гирифтани се-чор ҳосил кишоварзони вилояти Хатлон аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода бурда,то дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр доштанд, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хоса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулони ноҳиявӣ дастур доданд, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles