БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ АЗНАВСОЗӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуданд.

Нахуст бо лоиҳаи ангоравии иншооти варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти варзишӣ дар масоҳати наздики 21 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ хоҳад буд.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.

Раиси вилоят масъулинро ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки беҳтар шудани шароит ба рушди соҳаи варзиш ва афзудани дастовардҳои варзишгарони кишвар мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles