БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷамоати шаҳраки Ҷомӣ аз омодагии техникаи кишоварзӣ барои оғози кишту кори баҳорӣ шинос шуда, техникаҳои кишоварзӣ аз санҷиши техникӣ гузаронида шуданд.

Раиси вилояти Хатлон бо хоҷагидорон сӯҳбат намуда, оид ба банду басти мошинҳои кишоварзӣ, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо ва пунбашинонаку тухмипошакҳо маслиҳатҳои муфид доданд.

Раиси вилоят ва меҳмонон аз омодагии техника ва мошинолоти кишоварзӣ дидан намуда, дар хатти тайёр зиёда аз 100 адад техника ва 30 адад тухмипошакҳо омода буданд.

Зимни боздид аз техникаи кишоварзӣ ба механизаторон, хоҷагидорон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки то оғози кишту кор техникаи заруриро тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба кор омада созанд.

Заҳматкашони вилояти Хатлон бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа ва анҷом додани кишти дилхоҳ зироат дар муҳлатҳои пешбинишуда ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles