Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз самаранок истифодабарии замин дар гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Яхакпаст», ки ба парвариши қулфинай машғул аст, боздид намуданд.
Тибқи маълумоти додашуда, гармхонаҳои мазкур зери роҳбарии Акобиров Амирулло 52 адад буда, аллакай ҳосили онро ба бозор баровардаанд. Ҳар гармхона 7 метр паҳноӣ ва 40 метр дарозӣ дорад.
Ба иттилои деҳқонон соли равон истеҳсоли қулфинай нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта хеле хуб арзёбӣ гардида, 1 килои он ҳоло дар бозор то 90 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз гармхонаҳо рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхона ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон