НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ

Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷамоати деҳоти Якатут дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

Дар ин маъракаи сабзу хуррамгардонӣ 300 бех дарахти сояафкани ороишӣ ва 200 бех ниҳоли тут шинонида шуд.

Раиси вилоят ба масъулини ҳифзи муҳити зист дастур доданд, ки дар нигоҳубини минбаъдаи нишолҳо диққати махсус дода, аз хушкшавӣ пешгирӣ намоянд.

Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз беш аз 500 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан шинонида шудааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles