Қобили зикр аст, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 12 декабри соли 2024, таҳти №720, соли 2025 дар қаламрави вилояти Хатлон “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидааст.
Ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси нафақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони соҳаи фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрантон, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.
Дар ин робита нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасдиқ шудааст.
Имрӯз, 13 феврал, дар Муассисаи давлатии Китохонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин маросими ҷамъбасти озмуни онлайнии “Шоҳномахонӣ” доир гардид.
Озмуни онлайнии мазкур дар пайрави аз иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва банди 9-и Нақшаи чорабинӣ аз тарафи Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади дарёфти истеъдодҳо ва ҷалби шаҳрвандон ба мутолиаи осори гаронбаҳои бузургон, аз ҷумла шоҳномахонӣ, воқиф гардидан аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни пурғановати ниёгони хеш ва баланд бардоштани маҳорати шеърхонӣ эълон гардида буд.
Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо кадрдонӣ гардиданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон