Бо дастхат аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчун туҳфа ба сарбози шуҷои Ватан, дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани “Соли 2025-Соли фарҳанги китобхонӣ” дар вилоят падидаи нав баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва камолоти маънавии ҳомиёни Ватан фоли нек мебошад.
Аксияи “Китоб барои муҳофизони Ватан” бо мақсади қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату ҷонфидоии сарбозон дар дифоъ аз Ватан ва ҳимояи арзишҳои миллӣ рӯи даст гирифта шуд.
Тақдими китоб ба сарбозон метавонад ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва масъулияти бардушдоштаашонро баланд намояд.
Баргузор намудани чунин аксияҳо натанҳо рӯҳияи сарбозонро шод мегардонад, балки ба тамоми ҷомеа эҳсоси ваҳдат, ҳамбастагӣ ва муҳаббат ба Ватанро низ ташвиқ менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон