БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОЛЛЕҶИ ТИББИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Имрӯз, 24 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб аз Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» боздид намуданд.

Зимни мулоқот бо омӯзгорон ва кормандони муассиса, раиси вилоят оид ба дастуру ҳидоятҳои муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми солонаи худ баён доштаанд ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суҳбат оростанд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таҳсилот, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва саҳмгузории ҷавонон дар рушди соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, Давлаталӣ Саид аз шароити таълимии донишҷӯён ва фаъолияти омӯзгорон ошно гардида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави хобгоҳи донишҷӯёнро мавриди таҳлил қарор доданд.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки фароҳам овардани шароити хуби таълимӣ ва зиндагӣ барои донишҷӯён яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти маҳаллӣ мебошад.

Ин боздид дар доираи чорабиниҳои таҳкими соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити таълимӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles