Имрӯз, 23 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода ва сафири сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён аз гармхонаҳои типи нав боздид намуданд.
Дар назди хоҷагии деҳқонии «Ёрмаҳмад» гармхонаҳои типи нав аз тарафи Лоиҳа «Оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда» ташкил карда шудааст.
Роҳбари хоҷагӣ Шафоев Сулаймон иттилоъ дод, ки масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 4,60 гектар буда, 18 нафар саҳмдорон фаъолият карда, музди миёнаи меҳнати саҳмдоронаш 1300 сомониро ташкил медиҳад.
Дар хоҷагӣ 3 адад гармхонаи доимоамалкунанда ташкил карда шудааст, ки дар 2 адади он қулфинай ва дар 1 адад гармхонаи дигар кучаттайёркунӣ дар масоҳати 0,50 гектар ба роҳ монда шудааст. Дар боқимонда, 3,50 гектар заминҳои хоҷагӣ пахта кишт карда мешавад.
Аз коштани тухмӣ то парвариш он тавассути технологияи муосири кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни боздид аз гармхона рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташкили чунин иншоотро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи худӣ маънидод намуда, барои густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар он ба масъулони соҳаи кишоварзӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон