Имрӯз, 23 январ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода ва сафири сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар кӯчаи Ҷ.Мирзоқодирова 50-и шаҳри Бохтар Маркази машваратӣ ва озмоишгоҳи кишоварзиро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази мазкур дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати ИМА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи лоиҳаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» аз ҷониби USAID дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Агро Олам» ба маблағи 125 ҳазор доллари америкоӣ таъсис ёфтааст.
Маркази мазкур аз панҷ ҳуҷра: ҳуҷраи мушовирон, ҳуҷраи қабули намунаҳо ва омодакунӣ барои ташхис, ташхисгоҳи касалиҳои растаниҳо, ташхисгоҳи хок ва об, толори маҷлисгоҳ ва омӯзишҳо иборат аст. Айни замон 4 нафар дар марказ фаъолият мекунанд.
АГРО ЛАБ – ташхисгоҳи кишоварзии нахустин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ташхисгоҳи мазкур барои баланд бардоштани сифат ва ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ хизмат мерасонад.
Иттилоъ дода шуд, ки ташхисгоҳ бо таҷҳизотҳои замонавии пешқадами рақамӣ ва мутахассисони пешбари кишвар таъмин шуда, раванди ташхис муайян кардани таркиби хок, об ва касалиҳои растаниҳоро дар бар мегирад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ ба сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят дастур доданд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамовардашуда бо деҳқонон ҳамкорӣ намоянд ва дар роҳи расидан ба ҳадафи муҳиму стратегии давлату Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми бештар гузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон