Соли 2024 кишоварзони вилоят тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 39,2 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он ба 109,6% расонида шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3,4 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 52,9%-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, афзоиш дар бахши растанипарварӣ 27,4 миллиард сомонӣ (112,6%) ва чорводорӣ 11,8 миллиард сомонӣ (103,2%) таъмин гардид.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 434 ҳазор гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 106,6 фоиз таъмин гардид. Аз ҷумла, дар майдони 191636 гектар ғалладонагиҳо, 17218 гектар полезиҳо, 131942 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 120716 гектар пахта, 39765 гектар сабзавот, 13723 гектар картошка ва 39679 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст.
Инчунин, дар майдони 133,4 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 103 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ҳолати мелиоративии 3179 гектар заминҳо беҳтар гардонида шуда, 790 гектар заминҳои аз гардиш берунмонда (аз он 313 гектар боир) ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 1,1 миллион тонна ғалладонагиҳо, 2,1 миллион тонна сабзавот, 880 ҳазор тонна полезӣ, 164,6 ҳазор тонна пахта, 250,6 ҳазор тонна картошка, 366,0 ҳазор тонна меваҷот, 132 ҳазор тонна ангур, 248,0 ҳазор тонна гӯшт, 605,0 ҳазор тонна шир, 181 миллион дона тухм, 6200 тонна пашм, 200 тонна пилла, 1233 тонна асал ва 3826 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра суръати рушди истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ аз 103,5 то 171 фоиз таъмин гардид. Истеҳсоли пахта 64,4 ҳазор тонна (28,1%) ва моҳӣ 101,5 тонна (2,6%) нисбат ба соли гузашта кам гардидааст.
Ҷиҳати таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар вилоят дар майдони 1387 гектар гармхонаҳо кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 45274 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд.
Ҷиҳати рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар талу теппаҳои бо намӣ таъмини шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 287 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, 207 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 1,2 миллион сар чорвои калон, аз ҷумла 627,0 ҳазор сар модагов, 2,9 миллион сар гӯсфанду буз, 63,4 ҳазор сар асп, 2,6 миллион сар парранда, 67,1 ҳазор оилаи занбӯри асал ва 56 ҳазор сар харгӯш парвариш ёфта истодаанд, ки афзоиши саршумор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80,3 ҳазор сар чорвои калон, 57 ҳазор сар модагов, 240,8 ҳазор сар гӯсфанду буз, 65,3 ҳазор сар парранда, 2,8 ҳазор сар харгӯш, 2,3 ҳазор сар асп ва 1768 оилаи занбӯри асал ташкил медиҳад.
Дар майдони 19,0 ҳазор гектар обмонии захиравӣ, 4,0 ҳазор гектар обшӯйкунии заминҳо ва яхобмонӣ, дар майдони 2,0 ҳазор гектар боғу токзор гузаронида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
Дар вилоят соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 331 адад расонида шуда, соли 2024 3826 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбати соли 2023 шумораи хоҷагиҳо 26 адад зиёд гардидааст. Инчунин, соли 2024 дар вилоят парвариши гулмоҳӣ бо усули қафасӣ ба роҳ монда шуда, аввалин маротиба 20,4 тонна гулмоҳӣ истеҳсол карда шуд.
Бо мақсади ободу зебо гардонидани ватани азизамон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавсими ниҳолшинонии солҳои 2023-2024 ба миқдори 1793876 бех ниҳолҳои гуногун, аз он 1134217 бех сояафкан, 385069 бех ҳамешасабз, 274590 бех ороишӣ, 6764560 бех гулу гулбуттаҳо, аз ҷумла 688568 бех лола, 980945 бех садбарг, 5095,5 ҳазор бех дигар гулҳо, 13004 бех қаламчаи чинор ва 444506 бех қалачаи садбарг шинонида, дар масоҳати 157455 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабз гузаронида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки соли ҳисоботӣ дар миқёси вилоят беҳтар намудани 3179,2 гектар заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он пурра таъмин гардид.