Рӯзи 13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи дар деҳаи Навободи ноҳияи Панҷ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-ро ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 дар доираи амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Муассисаи таълимӣ иборат аз 2 ошёна, 7 синфхонаи таълимӣ барои 144 хонанда сохта шудааст.
Бинои муассисаҳои мазкур аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, китобхона, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон иборат мебошад.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷӯҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб карданд.
Бояд қайд кард, ки муассисаи мазкур пеш дар хонаи шахсӣ ҷойгир шуда буд ва омӯзгорон аз чунин туҳфаи зебо изҳори сипосгузорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон