Рӯзи 13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.
Раиси вилоят дар шаҳраки Дӯстӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таълимии №45 дидан намуданд. Мактаби мазкур барои 1248 хонанда дар ду баст сохта шуда, маблағгузор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки бояд ишоотҳои ҷашнӣ бо сифатӣ баланд ва тибқи нақша сохта шавад. Ба сохтмончиён дастур дода шуд, ки намои берунии бино аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон