ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №53

27 ноябр, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров зимни сафари корӣ дар деҳаи Себи Сурхи ноҳияи Фархор бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таълимӣ дорои шароиту имконияти муосири илмомӯзӣ буда, барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Дар муассисаи навбунёд барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон 10 синфхонаи таълимӣ, маркази инкишофи кӯдакон ва дигар шароити хуби таълимӣ муҳайё гардидааст.

Маврид ба таъкид аст, ки солҳои охир бинобар афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ биноҳои наву замонавии таълимӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Фархор бунёд карда мешавад, ки ин натиҷаи тавваҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаҳи маориф мебошад.

Сарвазири мамлакат зимни суҳбат бо омӯзгорон таъкид намуданд, ки дар шароити ҳассосу пешгуинашаванда, вусъат пайдо кардани терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии аҳли зиё дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles