26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маъмурии Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати роҳи байналмилалӣ бо сифати баланд сохта шудааст.
Сохтмони бинои шуъбаи маориф соли 2022 оғоз ёфта, айни замон аллакай корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Бино дар маркази ҷамоати деҳоти Теҳрай, дар шафати дигар биноҳои маъмурӣ ҷойгир буда, масоҳати умумии он 300 метри квадратиро ташкил медиҳад. Роҳрав сафолакпӯш ва масоҳати гулзори назди бино ба 1100 метри квадратӣ баробар аст.
Ошёнаи якум аз 4 утоқи корӣ ва ошёнаи дуюм аз панҷ утоқи корӣ ва як пешдолон иборат мебошад. Дар ошёнаи сеюм маҷлисгоҳ ва се ҳуҷраи хоб ҷойгир аст. Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар асоси талаботи имрӯза бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити фаъолият муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Ҳудуди бинои мазкур бо панҷарабандӣ карда шуда, дар назди бино чароғкҳои равшандиҳанда насб карда шудааст. Инчунин, дар назди бино иншооти ёрирасон, ҳавзи оташхомӯшкунӣ, истгоҳи трансформатор бунёд карда шудааст.
Сохтмони бинои шуъбаи маориф аз ҳисоби маблағҳои Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” аз буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.
Маблағи сохтмон тибқи лоиҳа зиёда аз 3500000 ҳазор сомониро дар бар гирифта, аз тарафи ҶДММ «Иншоот сохтмонсоз» ба итмом расидааст.
Сарвазири мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта дар бино баҳо баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.
Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои кормандон шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон