ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 72 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории соҳибкорон ва кумитаи падару модарон бунёд шудааст.

Муассисаи таълимӣ иборат аз 1 бино бо 1 блоки 2 ошёна, 11 синфхонаи таълимӣ ва 4 давтари корӣ барои 680 хонанда дар 2 баст сохта шудааст.

Дар бинои мазкур аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, китобхона, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон иборат мебошад.

Инчунин, гирду атрофи бино бо панҷараҳои замонавӣ панҷарабандӣ гардида, бо дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ оро ёфтааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳангоми шиносоӣ ба масъулон доир ба беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хонандагон ва иштироки фаъолонаи муҳассилин дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles