ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Дашти дили ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Фонди Арабистони Саудӣ дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бунёд карда шудааст.

Муассисаи таълимӣ иборат аз 1 бино бо 1 блоки 2 ошёна, 10 синфхонаи таълимӣ барои 480 хонанда дар 2 баст сохта шудааст.

Дар бинои мазкур аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, китобхона, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон иборат мебошад.

Сохтмони муассисаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи пудратчии он ҶДММ «Фирӯз»-и ноҳияи Данғара таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Дар сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 35 нафар коргарони маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 2000 сомонӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб карда шудаанд.

Инчунин гирду атрофи бино бо панҷараҳои замонавӣ панҷарабандӣ гардида, бо дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ, гулҳои мавсимӣ оро дода шудааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ таъкид намуданд, ки масъулон оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии толибилмону ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос диққати ҷидӣ диҳанд.

Хонандагон ва маорифчиён аз ҳадяи чунин тӯҳфаи зебо изҳори хушнудӣ намуда, сипосгузории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles