26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва кумитаи маҳал бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд шудааст.
Бинои мазкур дуошёна иборат буда, дар ошёнаи якум утоқҳои кормандон ва дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ мебошад.
Атрофи бино дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ сафолакпӯш гардида, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.
Бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Гулистон дар асоси дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини шароити муосири кору фаъолият барои кормандони мақомоти маҳал ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинон бунёд гардидааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав кормандони деҳоти мазкурро барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан ва ба мардум хизмат расондан, дастуру ҳидоятҳо доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон