26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Ҳулбуки ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Фонди Арабистони Саудӣ дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бунёд карда шудааст.
Муассисаи таълимӣ иборат аз 1 бино бо 1 блоки 2 ошёна, 10 синфхонаи таълимӣ барои 480 хонанда дар 2 баст сохта шудааст.
Дар бинои мазкур аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ–коммуникатсионӣ, китобхона, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон иборат мебошад.
Сохтмони муассисаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» буда, лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи пудратчии он ҶДММ «Фируз»-и ноҳияи Данғара таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Дар сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 35 нафар коргарони маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 2000 сомонӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб карда шудаанд.
Инчунин гирду атрофи бино бо панҷараҳои замонавӣ панҷарабандӣ гардида, бо 70 адад дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ, 2000 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ оро дода шуда, масоҳати 400 метри мураббаъ майсазор гардидааст.
Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба кормандону масъулини соҳа дастур доданд, ки назорати сифати таълимро дар муассисаи нав ҷиддӣ ба роҳ монда, наврасони босаводу соҳибмалакаро ба воя расонанд.
Таъкид шуд, ки масъулон оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии толибилмону ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос диққати ҷидӣ диҳанд.
Хонандагон аз ҳадяи чунин тӯҳфаи зебо изҳори хушнудӣ намуда, сипосгузории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон