26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Темурмалик ба фаъолияти сардхона оғоз бахшиданд.
Мақсад аз фаъол сохтани сардхона нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда дар хоҷагиҳои ноҳия ва аҳолӣ буда, он дар муддати кӯтоҳ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сардхона дар масоҳати 0,80 гектар замин, бо ғунҷоиши 500 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст. Бо ба истифода додани ин иншоот 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд.
Бо назардошти минтақаи аграрӣ будани ноҳияи Темурмалик, ба фаъолият оғоз кардани чунин сардхона амри зарурӣ дониста мешавад. Зеро дар аксар маврид бинобар набудани чунин иншоот, маҳсулоти хоҷагидорон талаф меёфт.
Дар иншооти мазкур дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили сардхонаро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, васлу насб карда шудааст.
Ба фаъолият оғоз кардани сардхона василаи муҳими бо маҳсулоти тару тоза таъмин намудани аҳолӣ дар фаслҳои зимистону баҳор низ мебошад. Дар сардхонаи нав коргарон бо ин мақсад сабзӣ, картошка, себ ва дигар номгӯи маҳсулотро захира намудаанд. Инчунин ҷиҳати нигоҳдории муваққатӣ ва банду басти маҳсулот, дар ҳудуди сардхона анбори калон бунёд гардидааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ташаббуси соҳибкорон ҷиҳати бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ноҳия, ҳаҷми захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон