ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Фалҳободи ҷамоати деҳоти Ҳусайнободи ноҳияи Темурмалик синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинобар сабаби зиёд шудани хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 эҳтиёҷ ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи мазкур ба миён омада буд.

Иншооти мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 30 нафар ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Муассисаи замонавии таълимӣ дуошёна буда, аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур соли 2022 оғоз гардида, фармоишгари он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи «Намояндаи инжиниринг консултантс ЕНД ассосиатиес лимитед дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи пудратчӣ ҶДММ “Сафархон” ба анҷом расонида шудааст.

Дохили бино бо тарҳи наву замонавӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта шуда, дар ҳудуди муассиса 16 дарахти сояафкану ҳамешасабз, 700 адад гулҳои мавсимӣ ва 100 адад гулҳои садбарг шинонида шуда, роҳравҳои ҳавлии муассисаи таълимӣ ба масоҳати 430 метри мураббаъ бо тахтасангҳои ороишӣ сафолакпӯш гардида, гирду атрофи муассиса бо 21 адад чароғакҳои равшандиҳандаи замонавӣ чароғон карда шудааст.

Сарвазири мамлакат бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд. Инчунин, Сарвазири мамлакат махсус таъкид намуданд, ки дар шароити ҳассосу пешгӯинашаванда, вусъат пайдо кардани терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас ба шумор меравад.

Маорифчиён аз чунин тӯҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият намуда, ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ корбарӣ менамоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles